Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Андозсупории кормандони маҳаллии сафорати ИМА қонунӣ шуд


Бинои сафорати Амрико дар Душанбе.

Бинои сафорати Амрико дар Душанбе.

Порлумони Тоҷикистон Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба андозбандии кормандони маҳаллии Сафорати Амрико дар Душанберо тасвиб кард. Ин санад рӯзи сешанбеи 30 июн зимни баргузории ҷаласаи навбатии Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон бо аксарияти орои вакилон қабул гардид. Парвиз Давлатзода, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни муаррифии ин санад дар ҳузури вакилон гуфт, ки мавзӯи андозбандии кормандони маҳаллии сафорати ИМА дар Тоҷикистон муддати яку ним соли ахир мавриди музокира қарор дошт, ки дар ниҳоят натиҷаи самарбахш дод.

Ба гуфтаи ҷаноби Давлатзода, тарҳи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба андозбандӣ намудани кормандони маҳаллии Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таърихи 29-уми апрели соли ҷорӣ аз ҷониби раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода ва сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт дар шаҳри Душанбе ба имзо расид. Гуфта мешавад, маблағи андози кормандони маҳаллии сафорати ИМА дар Тоҷикистон 400 ҳазор долларро ташкил медодааст. Қаблан ҳамчунин созишномае миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва САҲА барои андозбандӣ кардани корманлдони маҳаллии ин созмони байналмилалӣ низ имзо шуда ва аз ҷониби порлумон тасвиб шуда буд.

XS
SM
MD
LG