Пайвандҳои дастрасӣ

Дар тӯли панҷ рӯзи гузашта се сокини вилояти Суғд дар дарёи Сир, ки аз миёни шаҳри Хуҷанд мегузарад, ғарқ шудаанд.Масъулони Идораи ҳолатҳои фавқулода дар ин вилоят гуфтанд, ду нафари ғарқшудагон зодаи ноҳияи Панҷакент буда, дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд таҳсил мекардаанд. Як нафари дигар 50 сол дошта, ҳангоми заврақронӣ ба дарё сарозер шуда, аммо дигар натавонистааст худро ба берун бикашад. Кормандони ситоди ҳолатҳои фавқулода ҷасади ин се нафарро дарёфт ба дасти наздиконашон барои дафн супурдаанд. Моҳи июн дар шимоли кишвар имсол хеле гарм омад ва бархе аз сокинон худро ба зери дарахтони сояафкану баъзеи дигар ба канори рӯду ҳавзҳо мезананд. Ҳарорати ҳаво дар бештари рӯзҳо аз 40 дараҷа боло аст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG