Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопаймо ба ҷои Душанбе дар Барнаул нишаст


Ҳавопаймое ки дар хатти Новосибирск - Душанбе парвоз мекард, ба таври изтирорӣ дар фурудгоҳи шаҳри Барнаул, субҳи 29 июн маркази кишвари Олтойи Русия нистааст. Дафтари матбуоти фурудгоҳи Барнаул гуфт, "соати 10:49 ба хадамоти диспетчерии фурудгоҳ иттилоъ расид, ки ҳавопаймои "Аэробус-320"-и ширкати ҳавопаймоии "Сибирь" бо як мусофири мариз аз фурудгоҳи Барнуал нишасти изтирорӣ мепурсад." Ин ҳавопаймо соати 11:14 дар Барнаул нишаст ва як зани 30-сола аз ҷумлаи мусофирони онро, ки баъди аз аэропорти Толмачёвои Новосибирск б парвоз хестани ҳавопаймо бемории эпилепсияаш хуруҷ кардааст, ба бемористони шаҳр интиқол додаанд. Ҳавопаймои ширкати "Сибирь" бо мусофирони дигараш соати 12:22 аз фурудгоҳи Барнаул ба қасди Душанбе парвоз кардааст.

XS
SM
MD
LG