Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

​38 кӯчарӯб, аксаран аз Тоҷикистон, бо талаби аз корфармои онҳо рӯёндани беш аз 3 миллион рубл маоши 5-моҳаашон ба додситонии Санкт-Петербурги Русия шикоят бурдаанд.

38 кӯчарӯб аз ноҳияи Неваи шаҳри Санкт-Петербург бо шикояти расмӣ ба раиси ҳукумати ноҳияи Нева ва ба додситонӣ ва нозироти меҳнати шаҳр аз корфармои онҳо рӯёндани маоши 5-моҳаашонро талаб кардаанд. Қарзи ширкати "Агат" танҳо аз маоши кӯчарӯбҳо дар ин муддат аз 3 миллион рубл, ҳудуди 60 00 доллар, гузаштааст.

Севара Маннонова, намояндаи созмони "Иттифоқҳои нави касаба" ("Новые профсоюзы"), ки аз ҳуқуқи ин кӯчарӯбҳо ҳимоят мекунад, рӯзи 29 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ин 38 кӯчарӯб 35 нафараш аз ноҳияи Конибодоми вилояти Суғди Тоҷикистонанд ва сеи дигар – аз Қирғизистон: "Инҳо ду сол боз ба таври қонунӣ дар ширкати “Агат” кор мекарданд. Қарордоди расмӣ ҳам доранд, вале масъулони ширкат бо ҳар баҳона аз моҳи феврал ба ин тараф маоши коргаронро намедиҳанд. Бархе маоши мартро нагирифтаанд ва бархе ҳатто аз моҳи феврал ба ин тараф. Се нафар аз кӯчарӯбҳои тоҷикистонӣ ба раҳбари “Агат” аз маош шикоят кардаанд, вале ба ҷои расидагӣ ба мушкилашон онҳоро аз кор барканор ва аз хобгоҳ ҳам пеш кардаанд."

Маоши кӯчарӯбҳо дар ширкати "Агат" ҳамагӣ 14 000 рубл, муодили 280 доллар будааст, ки бино ба эътирофи худи онҳо, ҳатто барои хӯрду хӯрокашон дар Санкт-Петербург дуруст намерасад. Корфармои худи “Агат” ширкати “Жилкомсервис-1”-и шаҳри Санкт-Петербург аст ва барои он корҳои сиёҳе, чун кӯчарӯбӣ, берун кашидани ахлот ва амсоли инро анҷом медиҳад.

Севара Маннонова, ки 7 сол боз дар созмони “Иттифоқҳои нави касаба” ба ҳайси тарҷумон аз забонҳои тоҷикию узбакӣ ба ҳимоят аз ҳаққи муҳоҷирони корӣ машғул аст, бовар дорад, ин бор ҳам дар амри ҳимоят аз ҳуқуқи онҳо муваффақ хоҳад шуд: "Дар соли 2012 бо айни мушкил қариб 40 кас муроҷиат карда буд ба мо. Онҳо ҳатто қарордод надоштанд, кору зиндагиаш қонунӣ набуд. Бо ин вуҷуд, мо тавонистем ки ҳам корфармои онҳоро ҷарима бандем ва ҳам маоши ҳамаашонро бирӯёнем."

Манзури ҳамсӯҳбати мо эътирози тақрибан 40 кӯчарӯби ширкати “Жилкомсервис-2” дар моҳи октябри соли 2012 бо талаби рӯёндани маоши думоҳаи онҳо буд. Ин кӯчарӯбҳо бо раҳбарии Соҳиб Раҷабов аз Узбакистон бо талаби маош даст ба корпартоӣ заданд ва аллакай рӯзе баъд раҳбари ширкати “Жилкомсервис-1” шахсан ба пеши онҳо ҳозир шуд ва ваъда дод, ки дигар дар пардохти маоши кӯчарӯбҳо таъхир ё дигар кӯтоҳие пеш нахоҳад омад.

Бино ба гуфтаи мақомот, дар шаҳри Санкт-Петербург вобаста ба мавсим, тақрибан то 10 000 кӯчарӯб кор мекунанд. Азбаски маоши ин қишр хеле ночиз аст, мардуми маҳаллӣ алоқаи чандоне барои кор ба ҳайси кӯчарӯб нишон намедиҳанд. Ба ин далел, чӣ дар Санкт-Петербург, чӣ дар Маскав ва чӣ дар шаҳрҳои дигари Русия аксари кӯчарӯбҳо муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои пасошӯравӣ ва бештар аз Қирғизистону Узбакистон ва Тоҷикистонанд.

Шаҳрдории Маскав дар зимистони соли гузашта дар пайи шадидтар шудани қонунҳои муҳоҷират талош кард, то “вобастагии шабакаи хидматрасониҳои коммуналии пойтахти Русияро азнирӯи кори муҳоҷирон коҳиш бидиҳад”, вале рондани муҳоҷирон аз ширкатҳои коммуналӣ боис шуд, ки кӯчаҳову ҷодаҳои Маскав бахусус дар рӯзҳои бориши барф барои чанд рӯз норӯфтаву тоза нокарда бимонанд.

Максим Кулаев, сухангӯи созмони “Иттифоқҳои нави касаба” ба Радиои Озодӣ гуфт, ин созмон тамоми харҷи марбут ба даъвои ҳуқуқии кӯчарӯбҳо алайҳи ширкати “Агат” ва “Жилкомсервис-1”-ро бар дӯш мегирад. Ӯ гуфт, онҳо мехоҳанд бо ин ҳимоят аз ин 38 кӯчарӯб нишон бидиҳанд, ки узвият дар иттифоқҳои касаба ва ҷалби ин ниҳод ба ҳалли муноқишаҳои корӣ метавонад миллионҳо муҳоҷири ба сурати умум дар муқобили корфармоёнашон беҳуқуқро зери чатри ҳимояти бештари қонунӣ қарор бидиҳад. Аммо ба ақидаи намояндагони “Иттифоқҳои нави касаба”, бояд пеш аз ҳама худи муҳоҷирон дарк кунанд, ки пайвастан ба иттифоқҳои касаба ба нафъи худи онҳост.

Иттифоқи касаба як ниҳоди миёнҷӣ байни корфармо ва коргар ва вазифаи аслиаш дифоъ аз ҳуқуқи коргар, аз ҷумла дар мавриди ба кор гирифтан ваё аз кор рондани коргар ва ҳам дар сурати пеш омадани баҳсҳои корие, аз ҷумла бар сари ҳаҷму шеваи пардохти маош ваё риояи рӯзи кори 8-соата ва амсоли ин аст. Қонуни кори Русия ба хориҷиён ҳам ҳаққи баробари истифода аз васоили қонунии дифоъ аз ҳаққашон, аз ҷумла аз тариқи узвият дар иттифоқҳои касабаро иҷозат медиҳад.

Аммо раҳбарони ҳаракати иттифоқҳои касаба дар Русия мегӯянд, бо онки ҷамъи муҳоҷирони корӣ дар Русия беш аз 10 миллион баровард мешавад, то имрӯз беш аз 90 дарсади онҳо узви ягон иттифоқи касаба нест.Чунин ҳол, ба ақидаи ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон, ин қишри бе он ҳам осебпазирро дар баробари худсариҳои ҷониби корфармо дар як вазъи боз ҳам осебпазиртар қарор медиҳад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG