Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо роҳҳои ҳали бӯҳрони Юнонро меҷӯяд


Раҳбарони Аврупо мегӯянд, ки ҳанӯз вақт барои расидан ба созиш ва пешгирӣ аз бӯҳрони пардохт нашудани қарзи Юнон ҳаст, то ин кишвар аз қаламрави истифодаи пули евро хориҷ нашавад.

Ангела Меркел-нахуствазири Олмон 29 июн гуфт, ки Берлин “омода аст, ки ҳар вақт бо ҳукумати Юнон ба гуфтугӯ биншинад”. Франсуа Олланд-раиси ҷумҳури Фаронса низ ҳамзамон гуфт, “Фаронса мехоҳад, ки Юнон дар қаламрави евро бимонад ва омода аст дар ин самт кор кунад”.

Кумиссиюни Аврупо гуфт, ки то охири рӯзи 29 июн пешниҳодҳои навро дар ин бора нашр хоҳад кард. То 30 июн Юнон бояд 1,7 миллиард доллар қарзи худро пардохт кунад ва вақти пардохти қарз ба поён мерасад. Ба ин далел нархи саҳом дар бозорҳои Аврупо ва Осиё ба шиддат поён рафт.

28 июн Алексис Тсипрас-нахуствазири Юнон эълон кард, ки дастикам барои шаш рӯзи корӣ бонкҳо баста хоҳанд буд.

30 июн охирин рӯзи пардохти 1,7 миллиард доллар қарзи Юнон ба Сандуқи Байналмиллалии Пул аст. Вай афзуд, аз қарздиҳандагон хоҳад хост, ки мӯҳлати пардохти қарзро барои муддати дигар тамдид кунанд.

XS
SM
MD
LG