Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рекорди нави Геннадий Падалка дар кайҳон


Геннадий Падалка
Геннадий Падалка

Геннадий Падалка-кайҳоннаварди Русия рекорди кори тӯлонӣ дар кайҳонро шикаст. То ҳол дар ин маврид Сергей Крикалёв-кайҳоннаварди рус бо 803 рӯзи кор дар кайҳон дар мақоми аввал қарор дошт. Вай ин рекордро соли 2005 гузошта буд.

Аммо Падалка то ҳол дар фазои кайҳон қарор дорад ва бозгашти вай ба замин 11 сентябри соли ҷорӣ дар назар гирифта шудааст. То он вақт ҳузури инсон дар кайҳон ба 880 рӯз мерасад.

Парвози кунунии Падалка ба кайҳон 27 март оғоз ёфта буд ва ин парвози панҷуми вай ба кайҳон ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG