Пайвандҳои дастрасӣ

Нархи саҳом дар бозорҳои Осиё ба шиддат поён рафтааст, зеро бими он меравад, ки Юнон қарзи худро пардохт карда наметавонад ва имкони хуруҷи он аз қаламрави истифодаи евро вуҷуд дорад. 29 июн нархи саҳом дар бозори Шонгҳой 7 дарсад поён рафт ва дар давоми ду ҳафтаи охир 20 дарсад арзиши худро аз даст дод.

Хариду фурӯши саҳом дар Токио 3 дарсад ва дар бозори Ҳонг Конг 3,5 дарсад кам шудааст. Евро ба 1,10 доллар баробар шуд. Пиэр Московитсӣ-кумиссари Иттиҳодияи Аврупо дар умури иқтисодӣ 29 июн ба радиои Фаронса гуфт, ки дар охири рӯз раиси Кумиссиюни Иттиҳодияи Аврупо пешниҳодҳои нав матраҳ мекунад.

Московитсӣ гуфт, ки ҳанӯз “имкони музокира” роҷеъ ба бӯҳрон аз даст нарафтааст. 28 июн Алексис Тсипрас-нахуствазири Юнон эълон кард, ки дастикам барои шаш рӯзи корӣ бонкҳо баста хоҳанд буд.

30 июн охирин рӯзи пардохти 1,7 миллиард доллар қарзи Юнон ба Сандуқи Байналмиллалии Пул аст. Тсипрас гуфт, ки вай як бори дигар аз қарздиҳандагон хоҳад хост, ки камтари дигар мӯҳлатро тамдид кунанд.

Сандуқи Байналмиллалии Пул 28 июн гуфт, ки вазъро зери назар дорад ва омода аст, ки ба Юнон кӯмак расонад.

XS
SM
MD
LG