Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низом Қосим, Муҳаммад Ғоиб ё Назри Яздон?


Як манбаи мӯътамад аз Иттиҳодияи адибони Тоҷикистон 29 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, то кунун номзадии Низом Қосим, Муҳаммад Ғоиб, Назри Яздон ва Маъруф Бобоҷонов ба мақоми раиси ин иттиҳодия пешниҳод шудааст. Манбаъ мегӯяд, сафи довталабони курсии раиси Иттиҳодияи адибон метавонад аз ин зиёдтар бошад, ки номашон рӯзи 30 июн дар анҷумани солонаи шоирону нависандагон эълон хоҳад шуд. Ҳоло Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон ба меҳмонони анҷуман даъватнома фиристода, рӯзномаи ҷаласаро низ мушаххас кардааст. Абдулҳамид Самадов, муовини раиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон, 29 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, имрӯз аз вилояти Суғд, Хатлон ва дигар навоҳии кишвар адибон барои ширкат дар анҷумани навбатӣ ба Душанбе омадаанд. Оқои Самадов аммо дар бораи номзадҳо ба мақоми раиси Иттиҳодияи нависандагон чизе нагуфт ва танҳо афзуд, "то замони пешбарӣ шудани номзадҳо ҳаққи пешакӣ шарҳ додани онро надорем". Солҳои охир раҳбарии Иттиҳодияи нависандагонро Меҳмон Бахтӣ бар ӯҳда дошт.

XS
SM
MD
LG