Пайвандҳои дастрасӣ

​“Истиқлол”-и Душанбе, ки бар “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 5-0 пирӯз шуд, ғолиби марҳалаи аввали сабқати лигаи олӣ гардид.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки рӯзи якшанбеи 28 июн дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар дар бозии даври 9-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон бар тими “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби бузурги 5-0 пирӯз шуд, ғолиби марҳалаи аввали сабқати лигаи олӣ гардид. Дар ин бозӣ Манучеҳр Ҷалилов ва Фатҳулло Фатҳуллоев дуголӣ заданд. Як голи дигари “Истиқлол”-ро Парвизҷон Умарбоев ба ҳадаф расонд.

Ба ин тартиб, “Истиқлол” таҳти раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар ҳамаи 9 бозии марҳалаи аввали мусобиқаи имсола пирӯз шуда, бо 27 имтиёз дар ҷадвал дар ҷойи аввал қарор гирифтааст.

Дастаи “Хайр”-и Ваҳдат, ки дар даври 9-ум дар меҳмонӣ бар тими “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 2-1 ғалаба кард, бо 16 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа ба ҷойи сеюм баромад. Ҳарду голи “Хайр”-ро Алишер Ӯлмасов ва голи “Парвоз”-ро Маъруф Марифбоев заданд.

Ёдовар мешавем, се бозии даври охирини марҳалаи аввали мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ шоми шанбеи 27 июн ба поён расид. Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар майдони худ тими «Далерон-Ӯротеппа»-и Истаравшанро бо ҳисоби бузурги 5:0 шикаст дод. Ду голи ғолибро легионери эронӣ Ҳусейни Сӯҳробӣ зад. Се голи дигари “Равшан”-ро Наврӯз Рустамов, Индус Ҳусейнов ва Шодибек Ғаффоров ба самар расонданд.

Дар бозии дигари даври 9-ум дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд, ки дар майдони худ бар тими “Барқи тоҷик»-и Душанбе бо ҳисоби 1-0 ғолиб омад, бо 20 имтиёз мавқеашро дар зинаи дуюми ҷадвали мусобиқа устувор намуд. Голро Иброҳим Рабимов дар оғози нимаи дуюми бозӣ ба ҳадаф расонд.

Бозии даври 9-ум байни дастаҳои ССКА “Помир”-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт.

Ҳамин тариқ, дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баъди анҷоми марҳалаи аввал як моҳ танаффус эълон шудааст.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 9-ум

«ХУҶАНД» — «БАРҚИ ТОҶИК» — 1:0

Гол: Иброҳим Рабимов, 49.

Огоҳонида шуданд: Сафархон Мирзоев, Самад Шоҳзуҳуров («Хуҷанд»).

Хориҷ шуд: Ҳокимҷон Ҳасанов («Барқи тоҷик»), 83 – барои таҳқири сардовар.

ССКА «ПОМИР» — «РЕГАР-ТАДАЗ» — 0:0

Огоҳонида шуданд: Парвиз Қашқаров, Беҳзод Шарифов (ССКА «Помир»), Фирӯз Қараев, Далерҷон Тухтасунов, Абдулло Саидов («Регар-ТадАЗ»).

«РАВШАН» — «ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА» — 5:0

Голҳо: Ҳусейни Сӯҳробӣ, 18 (1:0). Ҳусейни Сӯҳробӣ, 20 (2:0). Наврӯз Рустамов, 85 (3:0). Индус Ҳусейнов, 90 (4:0). Шодибек Ғаффоров, 90+2 (5:0).

«ИСТИҚЛОЛ» — «ВАХШ» — 5:0

Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 43 (1:0). Парвизҷон Умарбоев, 51 (2:0). Фатҳулло Фатҳуллоев, 59 (3:0). Фатҳулло Фатҳуллоев, 74 (4:0). Манучеҳр Ҷалилов, 77 (5:0).

«ПАРВОЗ» — «ХАЙР» — 1:2

Голҳо: Алишер Ӯлмасов, 31 (0:1). Алишер Ӯлмасов, 34 (0:2). Маъруф Марифбоев, 54 (1:2).

Хориҷ шуданд: Идибек Ҳабибуллоев («Хайр»), 57 – барои бо даст зарба задан ба рӯи ҳариф, Маъруф Марифбоев («Парвоз»), 64 – корти 2-юми зард, Жаке Нана Сефах («Хайр»), 70 – корти 2-юми зард.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

9

9

0

0

34-2

27

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

9

6

2

1

16-6

20

3

«Хайр» (Ваҳдат)

9

5

1

3

14-13

16

4

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

9

4

4

1

14-7

16

5

«Равшан» (Кӯлоб)

9

4

2

3

17-17

14

6

ССКА «Помир» (Душанбе)

9

3

2

4

7-12

11

7

«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан)

9

3

2

4

10-12

11

8

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

9

1

3

5

3-15

6

9

«Барқи тоҷик» (Душанбе)

9

1

2

6

5-16

5

10

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

9

0

0

9

1-21

0

Нишонзанҳо: Манучеҳр ҶАЛИЛОВ («Истиқлол») – 7 тӯб, Ҳусейни СӮҲРОБӢ («Равшан») – 6 тӯб, Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол»), Комил САИДОВ («Регар-ТадАЗ»), Ҳасан РУСТАМОВ («Хуҷанд») – 5-тӯбӣ.

XS
SM
MD
LG