Пайвандҳои дастрасӣ

​Аввалин Бозиҳои аврупоӣ дар Боку бо пирӯзии мунтахаби Русия ба анҷом расиданд.

Аввалин Бозиҳои аврупоӣ, ки аз 12 то 28 июн дар Боку баргузор шуданд, шаби якшанбе бо як маросими ботантана ба поён расиданд. Мунтахаби Русия бо касби 164 медал -79 тилло, 40 нуқра ва 45 биринҷӣ - дар ҳисоби умумидастаӣ мақоми аввалро соҳиб шуд.

Мунтахаби мизбонон – Озарбойҷон – бо касби 56 медал (21 тилло, 15 нуқра, 20 биринҷӣ) ҷойи дуюмро гирифт. Мунтахаби Британияи Кабир бо касби 47 медал (18 тилло, 10 нуқра ва 19 биринҷӣ) ҷойи сеюмро азони худ кард.

Даҳгонаи аввал дар Бозиҳои аврупоӣ-2015:
1. Русия — 79 тилло, 40 нуқра, 45 биринҷӣ (ҳамагӣ – 164 медал);
2. Озарбойҷон — 21, 15, 20 (56);
3. Британияи Кабир — 18, 10, 19 (47);

4. Олмон — 16, 17, 33 (66);
5. Фаронса — 12, 13, 18 (43);
6. Италия — 10, 26, 11 (47);
7. Беларус — 10, 11, 22 (43);
8. Украина — 8, 14, 24 (46);
9. Нидерланд — 8, 12, 9 (29);
10. Испания — 8, 11, 11 (30).

Бояд гуфт, ки ҳамагӣ намояндагони 41 кишвар ғолибони Бозиҳои аврупоӣ—2015 гардида, намояндагони 42 кишвар бо ҷоизаҳои бозиҳо мукофотонида шуданд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG