Пайвандҳои дастрасӣ

Тасмими Бонки Марказии Аврупо дар бораи идомаи барномаи кӯмаки фаврӣ ба Афина таҳдиди варшикаста шудани бонкҳои Юнонро андаке коҳиш дод.

Баъд аз ҷаласаи Шӯрои мудирони Бонки Марказии Аврупо (БМА) рӯзи 28 июн дар як изҳороти расмӣ гуфта шуд, ки ин бонк ба хотири мусоидат ба эътидоли молиявӣ ҳамкорӣ бо Бонки Юнонро идома медиҳад. Қатъи кӯмаки молиявӣ аз сӯи БМА дар ҳоле, ки тайи ду рӯзи ахир ҳазорон юнониҳо пасандозҳояшонро аз бонкҳои кишвар бозпас гирифтанд, барои иқтисоди Юнон паёмадҳои пешгӯинашаванда дар пай дошт.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки вазъ дар бахши молиявии Юнон баъд аз он бадтар шуд, ки парлумони Юнон пешниҳоди нахуствазир Алексис Сипрас дар бораи баргузории ҳамапурсӣ ё референдум оид ба сарнавишти қарзи кишварро пазируфт. Раиси ҳукумати Юнон, шоми ҷумъа дар як паёми телевизионӣ ба мардум хабар дод, ки рӯзи 5 июл дар кишвар дар робита ба шартҳои қарздиҳандаҳои байнулмилалӣ барои идомаи кӯмаки молиявӣ ба Юнон ҳамапурсӣ баргузор мешавад. Мардум бояд ба он суол посух бигӯянд, ки Юнон ба ин шартҳо розӣ шавад ё хайр.

Алексис Сипрас

Алексис Сипрас

Як рӯз баъд парлумон аз пешниҳоди нахуствазир пуштибонӣ намуд. Аммо ин "демарш"-и Афина боиси ранҷиши дигар кишварҳо вориди ба минтақаи евро шуд - вазирони молияи ин мамолик хоҳиши Афина барои тамдиди кӯмак ба кишвар то баргузории ҳамапурсиро рад карданд. Баъд аз эълони рӯзи ҳамапурсӣ раҳбари гурӯҳи музокиракунанда, вазири молияи Ҳолланд Йерун Дейсселблум изҳор намуд, ки Юнон дарҳоро ба рӯи ширкаткунандагони музокироти оянда дар робита ба бӯҳрони қарзияш баст.

Ҳайатҳои Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи байнулмиллии пул рӯзи ҷумъа, 26 июн, дар музокирот дар Брюссел ба Афина пешниҳод карда буданд, ки агар андозро дар кишвар боло баранд ва нафақаву маоши шаҳрвандонро кам кунанд, сармоягузории Юнонро барои панҷ моҳи дигар тамдид хоҳанд кард. Аммо Сипрас ин пешниҳодро “зарбулаҷал”-е номид, ки аз Юнон қабули чораҳои барояшон миёншиканро тақозо дорад. Ҳукумати Юнон ба пешниҳоди қарздиҳандаҳо “не” гуфт.

Созиши Юнон бо Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи байнулмилалии пул дар бораи ироаи кӯмаки молиявӣ ба Афина рӯзи 30 июн поён меёбад. Агар то он рӯз ин созишнома тамдид ё қарордони нав имзо нашавад, Юнон аз дарёфти охирин бастаи кӯмаки молиявӣ маҳрум мемонад ва илова ба он Юнон маҷбур аст, ки ба Сандуқи байнулмилалии пур 1,6 млрд евро пардохт кунад.

Фаридун Хованд

Фаридун Хованд

Дар ҳамин ҳол коршиносон ба инанд, ки амиқрафти бӯҳрон миёни Афина ва Брюссел рӯзи хурӯҷи Юнон аз минтақаи евроро наздиктар мекунанд. Фаридуни Хованд, коршиноси иқтисодии муқими шаҳри Порис, мегӯяд, дар ҳоли ҳозир шонси хурӯҷ ё боқӣ монданаш тақрибан баробар аст. Аммо бо вуҷуди ин, аз ҳоло кишварҳои аврупоӣ афкори умумро барои хурӯҷи Юнон аз минтақаи евро омода мекунанд. “Бигирем, ҳамин рӯз нахуствазири Фаронса Мануэл Валс ба хотири ором кардани фаронсавиҳо гуфт, ки берун рафтани Юнон аз минтақаи евро ба иқтисоди Фаронса осебе нахоҳад расонд. Аммо, ба фикри ман, дар Фаронсаву Олмон ва дигар кишварҳои минтақаи евро талошҳои зиёде барои ҷилавгирӣ аз хурӯҷи Юнон сурат мегиранд”.

Ба гуфтаи мусоҳиби мо, баъзе аз сиёсатмадорони аврупоӣ аз он бим доранд, ки баъди минтақаи евроро тарк кардани Юнон роҳи дигар кишварҳо – Италия, Испания, Португалия барои берун шудан аз ин минтақаро боз мекунад ва ин раванд пули ягонаи аврупоиро ба мушкили ҷиддӣ рӯбарӯ хоҳад кард. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Фаридуни Хованд, баъзе аз сиёсатмадорон, аз ҷумла, вазири иқтисоди Олмон мутмаинанд, хурӯҷи кишварҳое чун Юнон, ки набояд ҳеҷ гоҳ вориди ин минтақа мешуданд, фоҷиае нахоҳад буд ва “дигар кишварҳои узви минтақа метавонад ҷамъ шуда роҳи беҳтареро барои ваҳдати минтақаи евро аз лиҳози иқтисодиву сиёсӣ пайдо кунанд”.

Ба минтақаи евро 19 кишвари аврупоӣ шомиланд, ки дар онҳо беш аз 325 миллион нафар ба сар мебаранд. Евро – пули ягонаи аврупоӣ соли 1999 вориди муомилот шуд ва ҳамон сол 11 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо минтақаи евроро ташкил карданд. Юнон 1 январи соли 2001 ба минтақаи евро ворид шуд.

XS
SM
MD
LG