Пайвандҳои дастрасӣ

Артиши Покистон мегӯяд, ки бар асари зарбаҳои ҷангандаҳои ҳавоӣ ба манотиқи қаболинишини ҳаммарз бо Афғонистон дасти кам 23 тан аз ситезаҷӯёни мухолифи давлат кушта шуданд. Ба иттилои онҳо, ҳамлаҳо рӯзи 28 июн дар минтақаҳои Хайбар ва Вазиристони Шимолӣ сурат гирифтанд.

Расо як сол пеш артиши Покистон ба амалиёти вижаи низомӣ ба хотири поксозии ин манотиқ аз ситезаҷӯёнро карда буд. Хайбар ва Вазистони Шимолӣ аз такягоҳҳои асосии ошӯбгарон, аз ҷумла, Толибони Покистон ва “Лашкари Ислом” маҳсуб мешуданд.

Артиши Покистон мегӯянд, ки дар амалиёт беш аз 2700 ситезаҷӯ кушта шудаанд. Дар набардҳо 348 низомии покистонӣ ҳам ҷон бохтаанд.

Тафтиши ин иттилоъ аз дигар манбаъҳо номумкин аст, зеро хабарнигорон ҳаққи вуруд ба ин манотиқро надоранд.

XS
SM
MD
LG