Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

БМА кӯмак ба бонкҳои Юнонро идома медиҳад


Бонки Марказии Аврупо (БМА) рӯзи 28 июн тасмим гирифт, ки барномаи кӯмаки фаврӣ ба бонкҳои Юнонро идома диҳад. Баъд аз ҷаласаи Шӯрои мудирони ин ниҳоди молиявӣ дар як изҳороти расмӣ гуфта шуд, ки Бонки Марказии Аврупо ба хотири мусоидат ба эътидоли молиявӣ ҳамкорӣ бо Бонки Юнонро идома медиҳад. Аз ин пештар расонаҳо дар бораи имкони аз сӯи Бонки Марказии Аврупо қатъ шудани ироаи қарзҳои фаврӣ ба бонкҳои Юнон ҳадс зада буданд – ин тасмим метавонист боиси варшикастагии бонкҳои юнонӣ шавад.

Шоми шанбе парлумони Юнон пешниҳоди нахуствазир Алексис Сипрас дар бораи рӯзи 5 июл баргузор кардани ҳамапурсӣ ё референдум оид ба сарнавишти қарзи кишварро пазируфт. Аз ин пеш Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи байнулмилалии пул аз Афина хостанд, ки барои дарёфти бастаи нави қарзҳо андозро боло барад ва нафақаву маоши мардумро кам кунад. Ҳукумати Юнон бо ин пешниҳод розӣ нест.

Созиш дар бораи ироаи кӯмаки молиявӣ ба Афина рӯзи 30 июн поён меёбад. Агар то он рӯз ин созишнома тамдид ё қарордони нав имзо нашавад, Юнон аз дарёфти охирин бастаи кӯмаки молиявӣ маҳрум мемонад ва илова ба он Юнон маҷбур аст, ки ба Сандуқи байнулмилалии пур 1,6 млрд евро пардохт кунад.

XS
SM
MD
LG