Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Могэрини: Созиш бо Эрон душвор, аммо мумкин аст


Фредерика Могэринӣ, раҳбари сиёсати берунаи Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 28 июн дар Вена гуфт, ки расидан ба созиши ниҳоӣ оид ба барномаи ҳастаии Эрон душвор, вале имконпазир аст. Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки ин созиш рӯзҳои наздик имзо мешавад ва афзуд, дар сурати зарурат музокирот дар Вена барои чанд рӯзи дигар тамдид хоҳад шуд.

Дар гуфтушунидҳои рӯзи 28 июн вазирони умури хориҷии Амрико, Эрон, Бритониё, Фаронса, Олмон ва муовинони вазири умури хориҷии Русия ва Чин ширкат доштанд. Қарор аст, ки рӯзи 30 июн вазирони умури хориҷии Русия ва Чин ҳам ба музокирот ҳамроҳ шаванд.

Ёдовар мешавем, Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ (ИМА, Бритониё, Фаронса, Русия, Чин ва Олмон) рӯзи 2 апрели соли равон дар шаҳри Лозаннаи Швейсария дар мавриди "андозаҳои калидӣ-ии созишномаи фарогири ҳастаӣ ба тавофуқ расиданд. .Бар пояи ин тавофуқ, Эрон миқёси барномаи ҳастаии худро дар ивази лағви ботадриҷи таҳримҳои байнулмилалӣ коҳиш медиҳад. Мӯҳлати ниҳоии имзои созиш миёни Эрон ва "панҷ ба иловаи як" 30 июн муқаррар шудааст.

Ба иттилои расонаҳои эронӣ, шоми 28 июн Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон барои машварат бо мақомоти олии кишвар барои як рӯз ба Теҳрон меравад.

XS
SM
MD
LG