Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асари сӯхтор дар як парки фароғатии Тайван беш аз 500 нафар осеб диданд. Вазорати ҳифзи сиҳати Тайван рӯзи 28 июн хабар дод, ки вазъи тақрибан 200 нафар вазнин аст.

Оташсӯзӣ шоми шанбе дар аквапарки Formosa Water Park дар канори пойтахт - Тайбэй баъд аз рӯй дод, ки созмондиҳандагони ҷашн як хокаи рангаро ба ҳаво пошиданд. Бо сабабҳои ҳанӯз номаълум ин хока таркид ва садҳо нафар ба машъал табдил шуданд.

Ба навиштаи расонаҳо, аксари осебдидагон сокинони маҳаллиянд, аммо миёни онҳо чаҳор нафар аз Чин ва ду хориҷӣ ҳам ҳастанд. Ҳангоми таркиш дар майдони рақси фароғатгоҳ тақрибан ҳазор нафар ҳузур доштанд.

Тайван ҷазирае дар Уқёнуси Ором аст, ки расман яке аз музофотҳои Чин маҳсуб мешавад.

XS
SM
MD
LG