Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тунисиҳо терроризмро маҳкум карданд


Садҳо нафар дар ҳамоише дар шаҳри фароғатии Суси Тунис рӯзи 28 июн ҳамлаи ситезаҷӯён ба як меҳмонсарои миёни сайёҳони аврупоӣ маъруфро маҳкум карданд. Раҳпаймоӣ дар канори меҳмонсарое баргузор шуд, ки ду рӯз пеш як ҳамлагар аз автомати Калашников сӯи хориҷиён оташ кушод ва дасти кам 39 нафарро кушт. Ба иттилои мақомоти Тунис, худи ҳамлагар дар тирандозӣ бо нерӯҳои амниятӣ кушта шудааст.

Гирдиҳамомадагон дар даст шамъ доштанд ва “Сус ҳеҷ гоҳ намемирад!” шиор меандохтанд. Баъзе аз онҳо дар даст парчами Бритониёро доштанд,зеро дар ин ҳамла аз ҳама бештар – 15 шаҳрванди ин кишвар ҷон бохтанд.

Ҳамин гуна раҳпаймоӣ дар пойтахти кишвар – шаҳри Тунис ҳам баргузор гардид.

Гурӯҳи “Давлати исломӣ” изҳор намуд, ки ҳамла ба меҳмонсаро дар шаҳри Сусро мусаллаҳонаш анҷом додаанд.

Ба иттилои хабаргузориҳо, бештари сайёҳони аврпуоӣ тасмим гирифтанд, ки ҳарчӣ зудтар Тунисро тарк кунанд.

Ҳукумати Тунис рӯзи 27 июн эълом дошт, ки баъд аз ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Сус 80 масҷиди аз зери итоfти давлат берунро мебандад. Ҳабиб Эссид, нахуствазири Тунис, ин масоҷидро дар таҳрик ба хушунат айбдор кард ва гуфт, ки вазорати умури дохилӣ барои тайи як ҳафта бастани онҳо дастур гирифтааст.

Моҳи марти соли равон дар як ҳамлаи дигар ба осорхоани Бардо дар пойтахти Тунис 22 нафар, асосан хориҷиҳо, ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG