Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумони Юнон аз ҳамапурсӣ пуштибонӣ кард


Парлумони Юнон шаби якшанбе пешниҳоди нахуствазир Алексис Сипрас дар бораи баргузории ҳамапурсӣ ё референдум оид ба қарзи кишварро пазируфт. Раиси ҳукумати Юнон, шоми ҷумъа дар як паёми телевизионӣ ба мардум хабар дод, ки рӯзи 5 июл дар кишвар дар робита ба шартҳои қарздиҳандаҳои байнулмилалӣ барои идомаи кӯмаки молиявӣ ба Юнон ҳамапурсӣ баргузор мешавад. Мардум бояд ба он суол посух бигӯянд, ки Юнон ба ин шартҳо розӣ шавад ё хайр.

Вазирони молияи кишварҳои узви минтақаи евро хоҳиши Афина барои тамдиди кӯмак ба кишвар то баргузории ҳамапурсиро рад карданд. Баъд аз тасмими Сипрас дар бораи баргузории референдум раҳбари гурӯҳи музокиракунанда, вазири молияи Ҳулланд Йерун Дейсселблум изҳор намуд, ки Юнон дарҳоро ба рӯи ширкаткунандагони музокироти оянда дар робита ба мушкили бӯҳронии қарзии Афина баст..

Ҳайатҳои Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи байнулмиллии пул рӯзи ҷумъа дар музокирот дар Брюссел пешниҳод карданд, ки дар ивази ризояти Афина ба баргузории ислоҳот, яъне афзоиши андоз ва коҳиш додани нафақаву маоши шаҳрвандон. сармоягузории Юнон панҷ моҳи дигар тамдид шавад. Аммо Алексис Сипрас ин пешниҳодро “зарбулаҷал”-е номид, ки аз Юнон қабули чораҳои барояшон миёншиканро тақозо дорад. Ҳукумати Юнон қатъӣ изҳор намуд, ки андозро афзоиш намедиҳад ва нафақаву маоши мардумро ҳам кам карданӣ нест.

Созиш дар бораи ироаи кӯмаки молиявӣ ба Афина рӯзи 30 июн поён меёбад. Агар то он рӯз ин созишнома тамдид ё қарордоди нав имзо нашавад, Юнон аз дарёфти охирин бастаи кӯмаки молиявӣ маҳрум мемонад ва илова ба он Афина маҷбур аст, ки ба Сандуқи байнулмилалии пур 1,6 млрд евро пардохт кунад.

XS
SM
MD
LG