Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳмад Шарифзода -- ёвари додситони ҳарбии шаҳри Душанбе ба Додгоҳи низомии гарнизони пойтахт дар робита ба қарори ин ниҳод, ки Сарраёсати нерӯҳои марзбониро ба пардохти 117 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари моддию маънавӣ ба Шаҳбол Мирзоев муваззаф карда буд, шикоят бурдааст. Оқои Шарифзода гуфтааст, ин маблағ аз ҳад зиёд аст ва бояд кам карда шавад. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Нуъмон Мирзоев, падари Шаҳбол Мирзоев хабар дод ва гуфт, ҳамин тавр, ёвари додситони Душанбе бозбинии ҳукми додгоҳро талаб кардааст. Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе 25 май Сарраёсати қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро муваззаф карда буд, ба Шаҳбол Мирзоев -- сарбози собиқ ва маъюбшудаи ин ниҳод 117 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарар пардохт намояд. Аз ин ҳисоб 97 ҳазор сомонияш ҷуброни зарари моддӣ ва 20 ҳазори дигараш ҷуброни зарари маънавӣ эълон шуд. Ин дар ҳолест, ки хонаводаи Шаҳбол Мирзоев аз нерӯҳои марзбонии кишвар 97 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари моддӣ ва 180 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ, дар маҷмуъ 277 ҳазор сомонӣ, хоста буданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG