Пайвандҳои дастрасӣ

Зоиров аз ошёнаи 3 афтод ва шушаш осеб дид


Раҳматилло Зоиров

Раҳматилло Зоиров

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, мегӯяд, ду рӯзи қабл аз ошёнаи севуми як сохтмони тозабунёд ба замин афтода, дар пайи он қафаси сина ва шушаш осеб дидааст. Оқои Зоиров дар ин бора 28 июн дар саҳифаи Фейсбуки худ иттилоъ дод ва гуфт, ин ҳодиса ягон ҷанбаи сиёсӣ надорад, балки аз беэҳтиётӣ рух додааст. Раиси ҲСДТ, инчунин, сукути чандмоҳаашро, ки ҳатто ба гуфтаи ӯ боиси сарусадоҳо дар бораи гӯиё тағйир ёфтани мавқеи сиёсияш шудааст, шарҳ дод. Ӯ гуфт, ин гумонҳо асос надорад, вале ҳамзамон афзуд, "дилаш қисман аз нопокии сиёсат дар Тоҷикистон сард шудааст".

XS
SM
MD
LG