Пайвандҳои дастрасӣ

Бархе аз фаъолони намоиши эътирозӣ дар шаҳри Ереван, пойтахти Арманистон, гуфтанд, ки аз таъқиб шуданашон аз сӯи “афроди шубҳанок” сахт нигаронанд.

Дар як изҳорот рӯзи 27 онҳо аз имкони тавтеъа ҳушдор дода, аз мансабдорони ҳукумат ва мақомоти ҳифзи тартибот хостанд, ки ин масъаларо пайгирӣ кунанд. Фаъолони ҷунбиши эътирозӣ дар изҳорот ному нафари касеро, ки онҳоро таъқиб намудаанд, зикр накардаанд.

Эътирозҳо дар маркази шаҳри Ереван, пойтахти Арманистон, ҳашт рӯз боз идома доранд. Ба иттилои расонаҳо, айни ҳол тақрибан даҳ ҳазор нафар дар хиёбони ба номи Маршал Баграмян ҷамъ омада, лағви бечунчарои тасмими дар бораи боло бурдани қимати нерӯи барқро талаб доранд. Владимир Гаспарян, раиси полиси Арманистон, рӯзи 27 июн аз эътирозгарон, ки ин хиёбон банд кардаанд, хост то аз ақли солим кор бигиранд ва ба хиёбонбандӣ хотима диҳанд, зеро бо ин амалашон барои ҳама сокинони пойтахт мушкил эҷод мекунанд. Раиси полис аз чанд узви парлумони Арманистон, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз хушунат чун “сипари зинда” миёни нерӯҳои амниятӣ ва эътирозгарон қарор доранд, хост то эътирозгаронро тарки роҳи мошингард мутмаин кунанд.

Арман Ованесян, хабарнигори бахши армании Радиои Озодӣ дар шаҳри Ереван, дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки айни ҳол вазъ дар хиёбони Баграмян ором аст, таври маъмул, гирдиҳамоӣ ва суханрониҳо шомгоҳон шурӯъ мешаванд ва то нимашаб идома мекунанд. "Шаби гузашта як-ду моҷарои хурд рӯй дод, аз ҷумла, як гурӯҳ аз эътирозгарон ба хиёбони Маштос воқеъ дар майдони Фаронса ҷамъ шуда, роҳро бастанд, ки ин раҳбарони полисро хело бесаранҷом ва хашмгин кард. Онҳо ваъда доданд, ки кормандони ҳифзи тартибот аз нерӯ кор намегиранд ва аммо ба он ҳам роҳ нахоҳанд дод, ки боз як хиёбони асосии шаҳр баста шавад", гуфт мусоҳиби мо..

Арман Ованесян меафзояд, шоми ҷумъа мақомоти Арманистон бо раҳбарони ширкати русии “Шабакаҳои барқии Арманистон”, ки танзиму тақсими нерӯи барқро дар ин кишвари қавқозӣ бар ӯҳда дорад, музокирот анҷом доданд. Тасмим гирифта шуд, ки дар ин ширкат аудит гузаронида шавад, зеро "ин ширкат ҳама тули соли дар Арманистон фаъолият карданаш аз сӯиистифода даст набардоштааст". Хабарнигори арманӣ мегӯяд, маълум нест, ки ин музокирот ба тасмими боло бурдани қимати нерӯи барқ таъсире хоҳад дошт ё на ва аммо Ҳизби ҷумҳурихоҳони Арманистон, ҳизби ҳоким ҳам, ба гунае паём дод, ки шояд дар ин бора қарори муҳиме қабул карда шавад. "Эътирозгарон бошанд ба таври қатъӣ талаб доранд, ки тасмим дар бораи боло бурдани қимати нерӯи барқ дар кишвар лағв карда шавад ва тамом!"

Ёдовар мешавад, намоишҳои эътирозӣ дар Ереван рӯзи 19 июн баъд аз он шурӯъ шуданд, ки комиссиюни танзими хадамоти ҷамъиятӣ нархи нерӯи барқро боло бурд. Рӯзи дигар полис ба хотири пароканда кардани эътирозгарон дар хиёбони Баграмян аз мошинҳои обпош истифода бурд. Беш аз 230 нафар, аз ҷумла, хабарнигорон, боздошт шуданд. Дасти кам 25 нафар – ҳам эътирозгарон ва ҳам кормандони полис осеб диданд.

Ба гуфтаи мусоҳиби мо, рӯзи шанбе теъдоди кормандони полис ва нерӯҳои сареъ дар канори бинои парлумон ва Кохи раёсатҷумҳурӣ афзоиш дода шуд. Гуфта мешавад, раисиҷумҳури Арманистон Серж Саргсян ду бор барои мулоқот бо намояндагони эътирозгарон изҳори омодагӣ кард, аммо онҳо шарт гузоштанд, ки фақат дар сурати аз тариқи телевизион мустақиман пахш шудани ин мулоқот назди сарвари кишвар мераванд. Арман Оҳванесян мегӯяд, ки раҳбарон инро рад карданд ва баъд аз он дигар пешниҳоде дар бораи мулоқот бо раисиҷумҳур ироа нашудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG