Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ДИИШ талоши забти Ҳасакеҳро дорад


Шаҳри Кубонӣ

Шаҳри Кубонӣ

Артиши Сурия ва нерӯҳои курд дар канори шаҳри Ҳасакеҳ алайҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” (ДИИШ) вориди набардҳои алоҳида шудаанд. Ситезаҷӯён аз рӯзи 25 июн талоши таҳти назорат гирифтани ин шаҳрро дорад.

Гурӯҳи дидбони ҳуқуқи башари Сурия рӯзи 27 июн хабар дод, ки курдҳо бо “Давлати исломӣ” дар канори мавзеъи Ғвирони Ҳасакеҳ меҷанганд.

Бар пояи иттилои СММ, баъд аз ҳамлаи “Давлати исломӣ” тақрибан 120 ҳазор нафар шаҳри Ҳасакеҳро тарк намуданд.

Ҳомиёни ҳуқуқи башари Сурия мегӯянд, ки нерӯҳои пешмаргаи курд дубора ситезаҷӯёни ДИИШ-ро аз шаҳри Кубонӣ, воқеъ дар шимолу ғарби Ҳасакаех, берун карданд. Гурӯҳи “Давлати исломӣ” рӯзи 25 июн такроран вориди ин шаҳр шуда буд. Ситезаҷӯён дар канори Кубонӣ дасти кам 145 нафарро эъдом карданд, ки ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башар, дуввумин қатли оми бузург аз сӯи “Давлати исломӣ” дар Сурия аст.

XS
SM
MD
LG