Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сипрас рӯзи раъйдиҳӣ дар Юнонро эълон кард


Алексис Сипрас, нахуствазири Юнон, шоми ҷумъа дар як паёми телевизионӣ ба мардум хабар дод, ки рӯзи 5 июл дар кишвар дар робита ба шартҳои қарздиҳандаҳои байнулмилалӣ барои идомаи кӯмаки молиявӣ ба Юнон раъйдиҳӣ баргузор мешавад. Мардум бояд ба он суол посух бигӯянд, ки Юнон ба ин шартҳо розӣ шавад ё хайр.

Худи Сипрас пешниҳоди ниҳоии ниҳодҳои байнулмилалии молиявиро “зарбулаҷал”-е номид, ки аз Юнон қабули чораҳои барояшон миёншикан – боло бурдани андоз ва коҳиши нафақаву маоши мардумро тақозо дорад.

Чанд соат қабл пеш аз ин кишвару ниҳодҳои қарздиҳанда дар музокирот дар Брюссел пешниҳод карданд, ки дар ивази ризояти Афина ба баргузории ислоҳот сармоягузории Юнон панҷ моҳи дигар тамдид шавад. Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, ин пешниҳодро “марҳамат ё дасткушодии беандоза” номид. Аммо Афина эълом дошт, ки андозро афзоиш намедиҳад ва андозаи нафақаву маоши мардумро ҳам кам карданӣ нест.

Созиш дар бораи ироаи кӯмаки молиявӣ ба Афина рӯзи сешанбеи оянда поён меёбад, агар ин санад тамдид ё созиши нав имзо нашавад, Юнон аз дарёфти охирин бастаи кӯмаки молиявӣ маҳрум мемонад ва барои ҳафтаи наздик эълон кардани дефолт ё варшикастагӣ маҷбур хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG