Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бархе аз раҳбарони ҷаҳон хостори муқобила бо "барбарият" шуданд


Созмони Милал, Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо ҳамлаҳои рӯзи ҷумъа дар Тунису Кувайт ва Фаронсаро маҳкум карда, хостори ташкили ҷабҳаи ягона ба муқобили, ба гуфтаи онҳо, "барбарият" шуданд.

Созмони Милали Муттаҳид, Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо ҳамлаҳои рӯзи ҷумъа дар Тунис, Кувайт ва Фаронсаро маҳкум кардаанд. Бан Ки Мун -- дабири кулли СММ гуфтааст, “касоне, ки дар ин амалҳои хушунатбор ва даҳшатафкан даст доштанд, бояд ба дасти адолат супурда шаванд”.

Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо низ, ки барои иштирок дар як нишаст дар Брюссел ҳузур доштанд, ин ҳамлаҳоро маҳкум карда ва хостори ташкили ҷабҳаи ягона барои муқобила бо “барбарият” шудаанд. Ҷош Эрнст -- сухангӯи Кохи Сафед ҳам дар баёнияе гуфт, “Иёлоти Муттаҳида бо шадидтарин лаҳн ҳамлаҳои террористии рӯзи ҷумъаро маҳкум мекунад”.

Бар асоси гузоришҳои охирин дар ҳамлае дар шаҳри соҳилии Сус дар Тунис ба камияш 37 нафар кушта шудаанд, ки дар миёни онҳо теъдоде аз сайёҳони хориҷӣ, аз ҷумла панҷ нафар аз Бритониё будаанд. Хабаргузории “Ройтерз” мегӯяд, дар ҳамлаи интиҳории рӯзи ҷумъа дар як масҷиди шиаҳо дар маркази Кувайт низ ба камияш 27 нафар кушта ва бештар аз 200 тан захмӣ шудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури Тоҷикистон субҳи 27 июн бо ирсоли нома ба раҳбарони Тунису Кувайт таркиш дар ин кишварҳоро маҳкум кард. Оқои Раҳмон дар номаи худ ба Баджи Қаид Ас-Себси, раисиҷумҳури Тунис гуфтааст, “Тоҷикистон ибрози омодагӣ менамояд, дар саъю талошҳои дастҷамъонаи башарият ҷиҳати гирифтани пеши роҳи чунин ҷиноятҳои ғайриинсонӣ ширкати фаъол намояд, то оромӣ ва осудагии бани Одам таъмин гардад.”

Дар нома ба амири Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ас-Сабоҳ гуфта шудааст, “бо камоли андӯҳ хабари таркиш дар яке аз масҷидҳои пойтахтро, ки мӯҷиби ҳалокат ва захмӣ шудани даҳҳо шаҳрвандони бегуноҳ гаштааст, дарёфт намудам.” Раисиҷумҳури Тоҷикистон ин амалро “ғайриинсонӣ” номида ва афзудааст, “онро бо ягон далелу бурҳоне ҳақ баровардан мумкин нест, боз як намунаи аъмоли зишти ҷиноятпешагони касбист, ки муборизаи беамон бо онҳо вазифаи ҳар як фарди огоҳ аст.”

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Фаронса ҳам мегӯянд, як тундрави исломӣ бо ҳамла ба корхонаи газ дар шарқи ин кишвар сари як нафарро бурида ва як тани дигарро маҷруҳ кардааст. Ҳамла рӯзи 26 июн дар шаҳри Сайнт Квентин Фаллавиер дар наздикии шаҳри Леон ба вуқӯъ пайвастааст. Фарди ҳамлавар чанд бомби худсохти хурдро ҳам таркондааст. Корхонае, ки ба он ҳамла шудааст, ба як ширкати амрикоӣ тааллуқ дорад ва мақомоти Фаронса ин ҳамларо ҳамлаи террористӣ хонданд.

Франсуа Олланд, раисиҷумҳури Фаронса, дар нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Брюссел гуфт, “фарди ҳамлаварро ба ҷойи ҳодиса зоҳиран ду нафар бо мошин овардаанд”. Франсуа Олланд афзуд, фарди муттаҳам ба қатли бераҳмона мушаххас ва дастгир шудааст. Бернард Казеневу, вазири умури дохилии Фаронса дар маҳалли ҳодиса гуфт, фарди муттаҳам аз соли 2006 ба ҳайси ифротгаро зери назари мақомоти пулис буд, вале соли 2008 маъмурони пулис назорати ӯро бас карданд.

Ним сол пеш аз ин ҳамла тундравони исломӣ ба дафтари маҷаллаи ҳаҷвии Шарли Ҳебдо ва дигар гӯшаҳои шаҳри Париж ҳамла карда ва 17 нафарро куштанд.

XS
SM
MD
LG