Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тунис 80 масҷиди "иғвогар"-ро мебандад


Ҳукумати Тунис рӯзи 27 июн эълом дошт, ки баъд аз ҳамлаи террористӣ дар яке аз меҳмонсароҳои соҳили баҳр дар шаҳри Сус 80 масҷиди аз зери итаоти давлат берунро мебандад. Ҳабиб Эссид, нахуствазири Тунис, ин масоҷидро дар таҳрик ба хушунат айбдор кард ва гуфт, ки вазорати умури дохилиӣ барои тайи як ҳафта басатни онҳо дастур гирифтааст.

Гурӯҳи “Давлати исломӣ” изҳор намуд, ки ҳамла ба меҳмонсаро дар шаҳри Сусро мусаллаҳонаш анҷом додаанд.

Бар пояи иттилои ахир, дар ин ҳамла 39 нафар, асосан сайёҳон аз кишварҳои аврупоӣ кушта шудаанд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, яке аз ҳамлагарон кушта ва дигарӣ дастгир шудаанд.

Моҳи марти соли равон дар як ҳамлаи дигар ба осорхоани Бардо дар пойтахти Тунис 22 нафар, асосан хориҷиҳо, ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG