Пайвандҳои дастрасӣ

Номаи Раҳмон ба раҳбарони Тунис ва Кувайт


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, 27 июн бо ирсоли нома ба раҳбарони Тунису Кувайт таркиш дар ин кишварҳоро, ки боис ба ҳалокати сайёҳон ва сокинони одӣ шудааст, маҳкум кард. Оқои Раҳмон дар номаи худ ба Бадҷи Қаид Ас-Себси, раисиҷумҳури Тунис гуфтааст, “Тоҷикистон ибрози омодагӣ менамояд, дар саъю талошҳои дастҷамъонаи башарият ҷиҳати гирифтани пеши роҳи чунин ҷиноятҳои ғайриинсонӣ ширкати фаъол намояд, то оромӣ ва осудагии бани Одам таъмин гардад.”

Дар нома ба амири Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ас-Сабоҳ гуфта шудааст, 2бо камоли андӯҳ хабари таркиш дар яке аз масҷидҳои пойтахтро, ки мӯҷиби ҳалокат ва захмӣ шудани даҳҳо шаҳрвандони бегуноҳ гаштааст, дарёфт намудам.” Раисиҷумҳури Тоҷикистон ин амалро “ғайриинсонӣ” номида ва гуфтааст, “онро бо ягон далелу бурҳоне ҳақ баровардан мумкин нест, боз як намунаи аъмоли зишти ҷиноятпешагони касбист, ки муборизаи беамон бо онҳо вазифаи ҳар як фарди огоҳ аст.”

XS
SM
MD
LG