Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Довари қазоқ барои ноҳаққӣ ронда шуд


Федеросиюни футболи Қазоқистон довар Галимжан Кенжалиновро аз ҳаққи доварӣ маҳрум кард. Кенжалинов рӯзи 25 феврал дар бозӣ барои Ҷоми раисиҷумҳури Қазоқистон дар лаҳзаҳои охирини бозии мусобиқоти гурӯҳӣ байни Қазоқистону Тоҷикистон ба дарвозаи Тоҷикистон зарбаи 11-метрӣ таъин кард. Қазоқистон бо кумаки ин ягона голи машкук ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт, вале аз Гурҷистон бо ҳисоби бузурги 1:8 мағлуб шуд. Аксари шореҳони варзиши худи Қазоқистон ин зарбаи пеналтиро ноҳаққона номиданд. Сармурабии испании тими Қазоқистон Карлос Марторелл низ барои ин қарори довар аз тими Тоҷикистон узр хост. Сармурабии тими Тоҷикистон гуфт, бозигарони ҷавони тоҷик баъди ин шикаст қариб як соат гиря кардаанд.

XS
SM
MD
LG