Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳолланд ҳамлаи Фаронсаро "ҳамлаи террористӣ" номид


Франсуа Олланд, дар Брюссел

Франсуа Олланд, дар Брюссел

Франсуа Олланд, раиси ҷумҳури Фаронса, сар буридани як нафар дар шарқи кишварро “ҳамлаи террористӣ” номид. Дар ҳамла ба як корхонаи газ дар шаҳри Сант–Куентин-Фаллавиер дар наздикии шаҳри Леон ду нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Раиси ҷумҳури Фаронса дар нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Брюссел гуфт, “фарди ҳамлаварро ба ҷойи ҳодиса зоҳиран ду нафар бо мошин овардаанд”. Франсуа Олланд афзуд, ки фарди муттаҳам ба қатли бераҳмона мушаххас ва дастгир шудааст. Бернард Казеневу, вазири умури дохилии Фаронса дар маҳалли ҳодиса гуфт, фарди муттаҳам аз соли 2006 ба ҳайси ифротгаро зери назари мақомоти пулис буд, вале соли 2008 маъмурони пулис назорати ӯро бас карданд. Яке аз таркишҳо дар назди корхона бар асари кубидани мошин ба бушкаи гази моеъ ба вуқуъ пайвастааст. Ба гуфтаи маъмурони пулис, дар сари бурида бо ҳуруфи арабӣ чизе навиштаанд ва онро дар дарвозаи корхона овехтаанд. Ду парчам бо навиштаҳои тундравони исломиро дар маҳалли ҳодиса пайдо карданд, ки ба ширкати Эйр Продакт, як ширкати амрикоии истеҳсоли технологияҳои коркарди газ тааллуқ дорад. Ним сол пеш аз ин ҳамла тундравони исломӣ ба дафтари маҷаллаи ҳаҷвии Шарли Ҳебдо ва дигар гӯшаҳои шаҳри Париж ҳамла карда ва 17 нафарро куштанд.

XS
SM
MD
LG