Пайвандҳои дастрасӣ

Ду талаби Эътилофи зидди шиканҷа аз ҳукумати Тоҷикистон


Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ба ҳукумати кишвар пешниҳод карданд, ҷазо барои омилони шиканҷа сахттар шуда, онҳо мавриди афв қарор нагиранд. Ин эътилоф 26 июн дар Душанбе бо ташкили намоиши аксҳо гуфтанд, ҳанӯз мавориди шиканҷа дар Тоҷикистон кам нашудааст. Нигина Баҳриева, роҳбари Эътилофи зидди шиканҷа бо нигаронӣ мегӯяд, “ҳоло ҳам шиканҷа дар Тоҷикистон аз масъалаҳои доғ боқӣ мондааст”. Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшинос ва узви Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа гуфт, “замони он расидааст, ки қонуни афв дигар ба маҳкумшудагон бо ҷурми шиканҷа татбиқ нашавад”. Ба қавли Бобоназарова, ҳоло аксари онҳое, ки нисбат ба боздоштшудаҳо шиканҷаро раво мебинанд, бо моддаҳои “берун рафтан аз ваколатҳои мансабӣ” гунаҳкор шуда, ҳангоми адои ҷазо мавриди афв қарор мегиранд ва зуд озод мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG