Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти раис бо 15 000 доллар "пора"


Кормандони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон раиси Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби ҷамоати деҳоти Фархори ноҳияи Фархорро ба иттиҳоми гирифтани 15 ҳазор доллар аз шаҳрванд “Н” боздошт кардаанд. Ҳоло дар робиата ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дафтари матуботи Оҷонсӣ 26 июн бо тасдиқи ин хабар ба Озодӣ гуфт, раиси Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби ҷамоати деҳоти Фархор ба “қаллобӣ” ва “расондани зарари махсусан калон” мутааҳм мешавад. Ба қавли манбаъ, раиси Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби Фархор дар охирҳои моҳи май ба боварии шаҳрванд “Н” даромада, ваъда намудааст, бар ивази 15 ҳазор доллар ба ӯ аз ҳудуди ҷамоати деҳоташон 0,15 сотих қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо намуда, ҳуҷҷатҳои истифодабарии заминро низ ба ӯ дуруст карда медиҳад. Рӯзи 3 июн зимни гузарондани амалиёти фаврӣ кормандони Оҷонсӣ раиси Ассосиатсияи истифодабарандагони об, баъд аз гирифтани 15 ҳазор доллар, аз шаҳрванд “Н” боздошт карданд ва алайҳи вай бо моддаи 247, қисми 4 банди “б”-и Кодекси ҷиноӣ (қаллобӣ) парванда боз кардааст.

XS
SM
MD
LG