Пайвандҳои дастрасӣ

Гурӯҳи Давлати исломӣ 146 нафарро қатл кард


Як гурӯҳи нозири ҳуқуқи инсон мегӯяд, ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломӣ дар шаҳри Кубонии Сурия ва рустоҳои наздики он 146 нафарро куштаанд, дуввумин қатли дастаҷамъии ғайринизомиён дар кишвар аст. Созмони Нозири Ҳуқуқи Башар дар Сурия, ки дар Лондон қароргоҳ дорад, рӯзи 26-уми июн гуфт, ки баъди қатли садҳо мардуми бегуноҳи қабилаи Шайтот дар шарқи Сурия дар соли гузашта ин дуввумин қатли бузурги дастаҷамъии ғайринизомиён дар кишвар аз тарафи ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломӣ аст. Ин ҷангҷӯён рӯзи 25-уми июн дигарбора аз тарафи марзи Туркия ба Кубонӣ ворилд шуданд ва ҷанг байни онҳо ва размандагони курд идома дорад. Нерӯҳои курд моҳи январи имсол бо кӯмаки ҳамлаҳои ҳавоии Амрикову муттаҳидонаш баъди муҳосираи 4 моҳа Кубониро аз дасти ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломӣ озод карданд. Рӯзи 25-уми июн ба шаҳри Ҳасаки ҳамла карда ва чанд маҳаллаи онро ишғол намуданд.

XS
SM
MD
LG