Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Юнон хостанд, қарори ниҳоиро қабул кунад


Масъули ҳукумати Олмон дар умури Иттиҳоди Аврупо гуфт, дар сурати пешниҳод накардани роҳи ҳал ба қарздиҳандагонаш дар зарфи 5 рӯзи оянда, Юнон бояд ногузир аз ҳавзаи евро хориҷ шавад. Гуентер Оттингер, ки ҳамзамон Масъули Иттиҳоди Аврупо дар умури иқтисоди рақамӣ ва ҷомеа аст, рӯзи 26-уми июн ба Радиои Олмон гуфт, “ҳадафи мо берун рафтани Юнон аз ҳавзаи евро нест, вале агар роҳи ҳал дар зарфи 5 рӯзи оянда пайдо нашавад, тарки Юнон ногузир мешавад.” Пеш аз ин баёния, раҳбарони Олмон ва Фаронса аз Юнон хостанд, рӯзи 27-уми июн дар нишасти намояндагони кишварҳои ҳавзаи евро қарори ниҳоӣ дар бораи пардохти қарзҳояшро қабул кунад. Дар акси ҳол Юнон мумкин аст варшикаста шавад ва ноилоҷ аз ҳавзаи евро берун равад. Янис Варуфакис, вазири молияи Юнон, рӯзи 25-уми июн гуфт, кишвараш барои иҷрои “талабҳои ғайриоддии” қарздиҳандагонаш ҳама корро кардааст ва азмаш барои монда дар ҳавзаи евро қавӣ аст. Иттиҳоди Аврупо, Сандуқи Байналмилалии Пул ва Бонки Марказии Аврупо гуфтаанд, то замоне, ки Юнон ба ислоҳот дар соҳаҳои нафақадиҳӣ, кор ва молиёт ризоият надиҳад, ба ин кишвар 7.2 миллиард доллар қарзи ваъдагиро намедиҳанд. Юнон то рӯзи 30-уми июн мӯҳлат дорад, ки якуним миллиард евро қарзи Сандуқи Байналмилалии Пулро баргардонад, дар акси ҳол муфлис мешавад ва бояд ҳавзаи евроро тарк кунад.

XS
SM
MD
LG