Пайвандҳои дастрасӣ

Фалокат дар Украинаро СММ таҳқиқ мекунад?


Ҳавопаймои Боинги Малайзия Эйрлайнз рӯзи 17-уми июли соли гузашта дар Донетск суқут кард.

Ҳавопаймои Боинги Малайзия Эйрлайнз рӯзи 17-уми июли соли гузашта дар Донетск суқут кард.

Панҷ кишваре, ки қазияи сарнагун кардани ҳавопаймои ширкати Малайзия Эйрлайнзро таҳқиқ доранд, хостаанд, ки Созмони Милал гунаҳкорони ин фоҷиаро пайдо карда ва ҷазо бидиҳад. Рамлон Иброҳим, намояндаи Малайзия дар Созмони Милал, рӯзи 25-уми июн гуфт, умедвор аст, Шӯрои Амният додгоҳи махсусро барои таҳқиқи ин фалокат таъсис медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, қарор аст, тарҳи қатънома дар ин бора моҳи июл ба Шӯрои Амнияти Созмони Милал пешниҳод шавад. Пешниҳод барои муҳокимаи байналмилалии омилони суқути ҳавопаймои Малайзия аз тарафи ин кишвар ва Ҳолланд ватани аксари 298 қурбонии фалокат пешниҳод шуд ва ҳафтаи гузашта онро Австрия, Украина ва Белгия дастгирӣ карданд. Муфаттишони Ҳолланд мегӯянд, ки мумкин аст, ҳавопаймои мусофирбарро бо мушаки Бук аз як минтақаи таҳти назорати ҷудоиталабони тарафдори Русия дар шарқи Украина задаанд. Аммо ба гуфтаи муфаттишони Ҳолланд пайдо кардану ҷазо додани гунаҳкорон зиёд нест. Русия пешниҳод барои муҳокимаи байналмилалии омилони эҳтимолии суқути ҳавопаймои Малайзияро рад кардааст. Ҳавопаймои Боинги Малайзия Эйрлайнз рӯзи 17-уми июли соли гузашта дар Донетск суқут кард.

XS
SM
MD
LG