Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико давлати Покистонро танқид кард


Вазорати умури хориҷии Амрико дар гузориши тозае, Покистонро барои поймоли ҳуқуқи инсон сахт танқид кардааст. Дар гузориши солонаи вазорат дар бораи ҳуқуқи инсон, Покистон барои “қатлҳои худсаронаву ҳадафмандона, одамрабоӣ, шиканҷа ва адами волоияти қонун” ва идомаи “хушунатҳои мазҳабӣ интиқод шудааст. Муаллифони гузориши вазорати умури хориҷии Амрико ҳамчунин гуфтаанд, ки таъқибу озори хабарнигорон дар соли 2014 ва ҳамла ба онҳо ва созмонҳои хабарнигорӣ ҳамчунон идома кард. Шароити бади зиндонҳо, боздошти тӯлонӣ ва бемуҳокима, низоми сусти додгоҳӣ, мустақил набудани додгоҳҳо, муроот накардани ҳарими хусусии шаҳрвандон аз мушкилоти дигаре будааст, ки дар соли 2014 дида мешуд. Дар гузориши вазорати умури хориҷии Амрико, ки рӯзи 25-уми июн нашр шуд, омадааст, ки хушунат ва таҳаммулнопазирии гурӯҳҳои тундрав дар Покистон “сабаби беҳокимиятӣ” дар баъзе аз гӯшаҳои кишвар шудааст.

XS
SM
MD
LG