Пайвандҳои дастрасӣ

Аксияи зидди маводи мухаддир дар Душанбе


Ин лаҳзаҳо аксияи зидди маводи мухаддир дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, бо ширкати ҳудуди 20 велосипедрони тоҷик, ки дардаст шиорҳои зидди маводи мухаддир доранд, шурӯъ шуд. Хабарнигори Радиои Озодӣ аз назди бинои Оҷонсии мубориза ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки маҳалли оғози ин аксия аст, иттилоъ дод, ки “ин гурӯҳи велосипедронон пироҳанҳое бо нишони Оҷонсии зидди маводи мухаддирро дар тан доранд ва дардаст шиорҳои “Зиндагии бемаводи мухаддир”, “Чораҳои зидди маводи мухадир”, ”Ҳаёти бемаводи мухаддир” ба самти маҳаллаи Гулистон ва хиёбони Саъдии Шерозӣ ҳаракат карда ва аз роҳи назди “Корхонаи нассоҷӣ” ба самти бозори “Корвон” рафта, сипас боз ба бинои Оҷонсӣ бармегарданд.”

Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Оҷонсии зидди маводи мухаддир дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ баргузории ин аксияро ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо маводи мухаддир ва ба ҳадафи таблиғи ҷомеаи холӣ аз маводи мухаддир унвон кард.

Ба гуфтаи Раҳматуллоев, “ин иқдом муштаракан бо Академияи олимпӣ анҷом мешавад ва дучархасаворон дар хиёбонҳо ҳаракат карда, бо мардум низ дар бораи зарари маводи мухаддир сӯҳбату гуфтугӯҳои кӯтоҳ анҷом медиҳанд. Инчунин, қарор аст, бар иловаи ин аксияи зидди маводи мухаддир ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии зидди маводи мухаддир “Гузориши солонаи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба вазъи маводи мухаддир дар ҷаҳон"-ро дар як нишасти матбуотӣ ироа шавад.

Зимнан, ҳамасола Рӯзи ҷаҳонии мубориза алайҳи маводи мухаддир ба таърихи 26 июн бо баргузории маҳфилҳои мухталифи зидди маводи мухаддир дар саросари ҷаҳон, аз ҷумила дар Тоҷикистон таҷлил мешавад.

XS
SM
MD
LG