Пайвандҳои дастрасӣ

​Фирӯза Савушкина, келини мушовири президенти Русия Сергей Глазев, ки соли гузашта чнад моҳро дар боздошт ба сар бурд, духтар таваллуд кардааст.

Фирӯза Савушкина, ҳамсари 33-солаи Юрий Глазев, писари мушовири президенти Русия Сергей Глазев духтар таваллуд кардааст. Дар ин бора ба шабакаи телевизизонии "РЕН ТВ"-и Русия худи Фирӯза Савушкина хабар дода гуфтааст, "бибияш, албатта, набераи худро эътироф намекунад, вале ҳама чиз хуб аст." РЕНТВ аз расонаҳоест, ки аз оғоз ишқи пурмоҷарои писари сиёсатмадори пурнуфуз ва қавмгарои рус ба хидматгори тоҷикистонии ин хонаводаро дунбол мекард.

Дар тирамоҳи соли гузашта тасмими Юрий Глазев барои издивоҷ бо хидматгори тоҷикистонии аз худаш 9 сол бузургтар хонаводаи Глазевҳоро ба ҳолати шок андохта буд.

Фирӯза Савушкина моҳи сентябри соли 2014 дар остонаи издивоҷ бо Юрий Глазев бо иттиҳоми қасди куштор боздошт шуд ва то 19 ноябрро пушти панҷара ба сар бурд. Ин хидматгори собиқи хонаводаи сиёсатмадори қавмгарои рус Сергей Глазев, ки дили писари ӯро дар ниҳоят ба худ моил кард, ки дили писари ӯро дар ниҳоят ба худ моил кард, ба он айбдор мешуд, ки Дилафрӯз Мирзоева ном ҳамватанашро, ки низ дар хонаводаи Сергей Глазев модари пири ӯро парасторӣ мекард, таҳдиди куштан кардааст. Худи Дилафрӯз Мирзоева ба расонаҳои русӣ гуфта буд, ки Фирӯза Савушкина ӯро ба Юрий Глазев рашк карда, бо корд ба вай ҳамлааш овардааст ватаҳдид кардааст, ки агар аз дӯстдоштааш фосила нагирад, вайро мекушад.

Аммо Юрий Глазев қазияи боздошти дӯстдоштаашро расонаӣ кард ва гуфт, боздошти Фирӯза ин натиҷаи интиқомҷӯии волидони ӯ, аз ҷумла модараш Олга Глазева аст, ки мухолифи ишқи ӯ ба ин духтари муҳоҷир мебошанд ва пулис таҳти таъсири нуфузи падари мансабдораш арӯси ӯро боздошт карда аст.

Баъди расонаӣ шудани қазия Сергей Глазев дар мазҳари ом изҳор дошт, ки қасди баде нисбат ба Фирӯза Савушкина надорад ва дар ниҳоят парвандаи пурсарадои Фирӯза Савушкина, ҳамсари граждании Юрий Глазев, писари Сергей Глазев – мушовири раисиҷумҳури Русия – ба далели мусолиҳаи тарафҳо қатъ шуда, худи ӯро рӯзи 19 ноябр аз боздоштгоҳ ҷавоб доданд.

Писари ба дилбари шарқӣ дилбохтаи мушовири президенти Русия ҳамагӣ 24 сол дорад. Дӯстдоштаи ӯ Фирӯза Савушкина 33-сола аст ва аз издивоҷи қаблиаш бо як марди дигари рус духтаре бо номи Полина дорад.

Фирӯза Савушкина вақте дастгир шуд, ки аз Юрий Глазев ҳомила буд.

Достони ишқи писари мушовири пурнуфузи президенти Русия Владимир Путин ба як зани аз худаш дар соли гузашта чандин муддат дар сархати ахбори расонаҳои Русия қарор дошт. Матбуоти Русия ин достони ишқиро ба қиссаҳои “Ҳазору як шаб” монанд мекард.

Сергей Глазев, аз сиёсатмадорони қавмгарои Русия, 54 сол дошта,узви Фарҳангистони улуми Русия аст. Ӯ тайи солҳои 1992-1993 дар ҳукумати сарвазир Виктор Черномирдин вазири равобити иқтисодии хориҷии Русия буд.

Баъди тарки ҳукумат чанд навбат вакили Думаи давлатӣ интихоб шуда, дар интихоботи соли 2004-уми президентии Русия дар муқобили Владимир Путин аз номи ҳизби миллатгарои “Родина” номзад шуда, 4,1 дарсад раъй ба даст овард. Дар интихоботи президентии соли 2012 ӯ ба унвони шахси мӯътамади Путин ширкат дошт ва ҳамон сол мушовири раисиҷумҳур дар умури ҳамоиши иқтисодии минтақавӣ таъин шуд. Глазев бо мавзеъгириҳои давлатгароёна ва ба ақидаи мунтақидон, ҳатто “салтанатгароёна”-аш дар масоили сиёсиву иқтисодии Русия фарқ мекунад ва аз ҷумла аз ҷонибдорони гарми ташдиди сиёсати Маскав дар масоили муҳоҷират ва дар масъалаи ҳимоят аз ҷудоиталабон дар Украина ба шумор меравад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG