Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қотили ронандаи тоҷикро дар Ярославл ёфтанд


Дар Ярославли Русия баъди 6 моҳ аз боздошти гумонбари асосӣ дар қатли ваҳшиёнаи як шаҳрванди 49-солаи Тоҷикистон хабар доданд. Ин муҳоҷири тоҷик бо 36 зарби корд дар дохили мошини "Тойота Камри"-аш кушта шуда буд. Пулис мегӯяд, бо иттиҳоми қатли шаҳрванди Тоҷикистон як сокини 23-солаи шаҳри Ярославро дастгир кардаанд. Ин ҷавон чанд моҳ боз дар ҳоли фирор ба сар мебурд, вале ташхиси ДНК даст доштани ӯ дар қатли муҳоҷири тоҷикро собит мекунад. Алайҳи ӯ бар асоси моддаи 105-уми Кодекси ҷиноии Русия (куштор) парванда кушодаанд. Ба ӯ барои қатли шаҳрванди Тоҷикистон аз 6 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG