Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти додгоҳии Маскав ба Палатаи ҷамъиятии Русия шикоят кардаанд, ки тавони ҷисмонии муҳокимаи шумори босуръат афзояндаи парвандаҳои ихроҷи муҳоҷиронро надоранд. Онҳо талаб кардаанд, ки ирсоли бепуштпушти парвандаҳои муҳоҷирон ба додгоҳҳо бо талаби ихроҷ ё берун кардани онҳо барои ҳар гуноҳи хурду резаро кам кунанд.

Елена Базкова, муовини раиси додгоҳи шаҳри Маскав гуфтааст, танҳо аз оғози соли ҷорӣ додгоҳҳои пойтахти Русия аллакай беш аз 30 000 парвандаҳои марбут ба нақзи қонунҳои муҳоҷиратро баррасӣ карда, дар аксарияти кулли ҳолатҳо ҷиҳати ихроҷи муҳоҷирони қонуншикан ҳукм баровардаанд: “Аксари ихроҷшудаҳо аз Осиёи Марказӣ, ба вижа аз Узбакистон ва Тоҷикистон мебошанд.”

Раиси додгоҳи шаҳри Маскав Олга Егорова гуфтааст, таҳияи асноди лозима, аз ҷумла барои ташхиси ҳуввияти муҳоҷирон ваё тарҷумаи баёноти онҳое, ки русиро хуб намедонанд, вақти зиёд талаб мекунад ва қозиён маҷбуранд то поси шаб кор кунанд.

XS
SM
MD
LG