Пайвандҳои дастрасӣ

НАТО ба Украина ёрии иловагӣ мерасонад


Ҷенс Столтенберг

Ҷенс Столтенберг

Ҷенс Столтенберг-Дабири кулли паймони НАТО изҳор дошт, ки ба Киев кӯмакҳои иловагӣ мекунад ва ба ин кӯмакҳо барчидани бами роҳҳо дохил мешавад. Вай ҳамчунин аз даргириҳои шадид дар шарқи Украина ҳушдор дод.

Вай ин суханонро 25 июн дар Буссел дар мулоқоти Шӯрои НАТО-Украина изҳор дошт. Ин Шӯроро НАТО баъд аз поёни ҷанги сард ташкил карда буд, то робитаҳояш бо Украинаро ҳамоҳанг кунад, зеро Украина кишвари узви НАТО нест.

Столтенберг гуфт, ки НАТО бунёди нав ташкил медиҳад ва он барои барчидани минаҳои роҳ ва кашфи маводи тарканда кӯмак мекунад.

Аз моҳи апрели соли гузушта то ҳол дар ҷангҳои Украина 6 500 нафар ба қатл расидаанд. Столтенберг ҳамчунин гуфт, ки НАТО барои таъмини амнияти фазоии минтақа тадобири амниятӣ мандешад.

XS
SM
MD
LG