Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси котиботи муштараки Корея ва ОМ


Кореяи ҷанубӣ ва 5 кишвари Осиёи Марказӣ аз соли оянда як котиботи ҳамкорӣ созмон медиҳанд. Вазорати хориҷаи Кореяи ҷанубӣ хабар дод, ки рӯзи 24 июн ба хотири таҳияи шароити фаъолияти ин котиботи муштарак як кумитаи вижа таъсис дода шуд. Сеул мегӯяд, ба тақвияти ҳамкориҳояш бо Қазоқистону Қирғизистон, Тоҷикистону Узбакистон ва Туркманистон тавҷаҷӯҳ зиёд дорад ва котиботи муштараки ҳамкорӣ машғули иҷрои тарҳҳои муштараке хоҳад шуд, ки рӯяшон дар Ҳамоиши ҳамкориҳои Кореяи ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ тавофуқ шудааст.

Кореяи ҷанубӣ нахустин кишварест, ки бо ҷалби ҳамаи 5 кишвари Осиёи Марказӣ як ниҳоди чандҷонибаи доимӣ таъсис медиҳад. Бархе кишварҳои ин минтақа дар созмонҳои минтақавие, чун Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Паймони амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё низ узвият доранд, вале на ба сурати дастаҷамъӣ. Дар расми оғози кори кумитаи омодагӣ дар Сеул сафирони ҳамаи 5 кишвари Осиёи Марказӣ ширкат кардаанд.

XS
SM
MD
LG