Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбакистон 1,4 тонна маводи мухаддир оташ зада шуд


Ниҳодҳои мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Узбакистон 1,4 тонна маводи мухаддирро 25 июн оташ заданд. Ин миқдор мавод аслан аз Афғонистон барои интиқоли баъдӣ вориди ин кишвар шудааст.

Ба ин миқдор мавод 130 кило ҳероин, 775 кило тарёк ва маводи дигар дар берун аз шаҳри Тошканд дар ҳузузри дипломатҳо,кормандони созмонҳои байналмиллалӣ ва хабарнигорон дар корхонаи маъдангузозӣ оташ зада шуд.

Ҳероин аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Миёна ба Тоҷикистону Қирғизистон ва Узбакистону Қазоқистон тавассути қочоқчиён ворид мешавад ва аз ин кишварҳо ба Русия ё кишварҳоиаврупоӣ интиқол меёбад.

XS
SM
MD
LG