Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо дучархаҳо зидди маводи мухаддир


Рӯзи 26-уми июн 20 велосипедрони тоҷик бо шиорҳои зидди маводи мухаддир аз назди бинои Оҷонсии мубориза ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба ҳаракат омада, бо маҳаллаи Гулистон ва хиёбони Саъдии Шерозӣ аз роҳи назди Корхонаи нассоҷӣ ба самти бозори Корвон мераванд ва сипас ба назди бинои оҷонсӣ бармегарданд. Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Оҷонсии мубориза ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба радиои Озодӣ гуфт, ин маърака бо ширкати дучархасаворон ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо маводи мухаддир баргузор шуда, сабки солими зиндагиро таблиғ мекунад. Вай гуфт ин иқдом якҷоя бо Академияи Олимпии Тоҷикистон анҷом дода мешавад ва дучархаронҳо танпӯшҳое бо нишони Оҷонсии мубориза ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро хоҳанд дошт. Велосипедронҳо дар даст шиорҳои “Зиндагии бе маводи мухаддир”, “Чораҳои зидди маводи мухаддир”,”Аз марги сафед даст каш!” дар хиёбонҳо ҳаракат карда, дар бархе аз маҳалҳо бо мардум дар бораи зарари маводи мухаддир суҳбаҳо анҷом медиҳанд. Зимнан дафтари матбуоти Оҷонсии мубориза ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир хабар медиҳад, ки ба муносибати Рӯзи ҷаҳони зидди маводи мухаддир “Гузориши солонаи Созмони Миллали Мутаҳид оид ба вазъи маводи мухаддир дар ҷаҳон"-ро дар як нишасти матбуотӣ муаррифӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG