Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аксияи зидди маводи мухаддир дар Душанбе


Акс аз бойгонӣ.

Акс аз бойгонӣ.

Субҳи рӯзи ҷумъа 20 велосипедрони тоҷик дар даст шиорҳои зидди маводи мухаддир аз назди бинои Оҷонсии мубориза ба гардиши ғайриқонгунии маводи мухаддир ҳаракат намуда, тариқи роҳи маҳаллаи Гулистон ва хиёбони Саъдии Шерозӣ аз роҳи назди “Текстил” ё “Корхонаи нассоҷӣ” ба самти бозори “Корвон” рафта, сипас боз ба бинои Оҷонсӣ бармегарданд. Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Оҷонсии зидди маводи мухаддир рӯзи 25 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ин аксия ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо маводи мухаддир ва ба ҳадафи таблиғи ҷомеаи холӣ аз маводи мухаддир баргузор мешавад. Ба гуфтаи манбаъ, ин иқдом муштаракан бо Академияи олимпӣ анҷом дода мешавад ва дучархасаворон пероҳанҳо бо нишони Оҷонсии зидди маводи мухаддирро ба тан хоҳанд кард. Велосипедронҳо дар даст шиорҳои “зиндагии бемаводи мухаддир”, “чораҳои зидди маводи мухадир”, ”ҳаёти бемаводи мухаддир” дар хиёбонҳо ҳаракат карда, бо мардум низ дар бораи зарари маводи мухаддир сӯҳбату гуфтугӯҳои кӯтоҳ анҷом медиҳанд. Зимнан, дафтари матбуоти Оҷонсии зидди маводи мухаддир иттилоъ дод, ки ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии зидди маводи мухаддир “Гузориши солонаи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба вазъи маводи мухаддир дар ҷаҳон"-ро дар як нишасти матбуотӣ, ироа хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG