Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

«Air Astana» як вилояти Тоҷикистонро ба Узбакистон туҳфа кард


Нақшаи парвозҳои ширкати «Air Astana»

Нақшаи парвозҳои ширкати «Air Astana»

Ширкати ҳавонавардии «Air Astana»-и Қазоқистон дар харитаи парвозҳои худ вилояти Суғди Тоҷикистонро қаламрави Узбакистон тасвир кардааст. Ҳамон гуна ки корбарони шабакаи иҷтимоии Facebook хабар додаанд, дар ин харита вилояти Суғд дар ҳайати Узбакистон аст. Харита дар маҷаллае нашр шудааст, ки дар ҳамаи ҳавопаймоҳои ширкати «Air Astana»-и Қазоқистон барои истифодаи мусофирон дар халтаи курсиҳо гузошта мешавад. Худи ширкат ҳанӯз ба эътирози корбарони шабакаи иҷтимоӣ вокунише нишон надодааст. «Air Astana» ширкати асосии ҳавонавардии Қазоқистон аст, ки аз шаҳри Остона ба 64 масири дунё парвоз анҷом медиҳад.

XS
SM
MD
LG