Пайвандҳои дастрасӣ

Фуруди изтирории ҳавопаймои мусофирбар дар Полша


Пулиси Полша гуфт, ки як ҳавопаймои мусофирбар дар фурудгоҳи Молдин 25 июн нишасти изтирорӣ анҷом дод. Бими он мерафт, ки дар ҳавпаймо маводи мунфаҷира кор гузошта шудааст.

Хонум Магдалина Боярска-сухангӯи фурудгоҳ гуфт, ҳавопаймои ширкати ирландии Риаэйр бо 168 мусофир аз шаҳри Осло парвоз мекард ва дар фурудгоҳи Варшава солим фуруд омад.

Боярска мегӯяд, халабони ҳавопаймо аз фурудгоҳ хост, ки фурудгоҳро барои нишасти изтирпорӣ омода кунанд. Фурудгоҳ муваққатан ҳамаи парвозҳо ва нишастҳоро боздошт.

Пулис мегӯяд, ки коршиносон ҳоло ҳавопайморо барои дарёфти маводи мунфаҷира тафтиш кардаанд, вале нишонае аз маводи мунфаҷира пайдо нашудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG