Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Покистон 25 июн гуфтанд, ки аз гармо дар ҷануби ин кишвар бештар аз 1 000 нафар ҷон додаанд. Ҳазорон нафари дигар муолиҷа мегиранд. Ҳарорати ҳаво кам-кам ба поинравӣ шуруъ кардааст.

Шаҳри Карочӣ-пойтахти вилояти Синдҳ ва чанд ноҳияи дигар аз оғози моҳи Рамазон дар 19 июн то ҳол дар чанголи ҳавои гарм мондаанд. Пизишкон мегӯяд, ки дар худи шаҳри Карочӣ 950 нафар ва дар вилояттҳои дигар 50 нафар ҷон бохтаанд.

Мақомоти расмӣ, ки аз бурдани номашон худдорӣ кардаанд, мегӯянд, ки бештар аз 40 000 нафар аз бемории қалб ба мушкил рӯ ба рӯ шудаанд ва 8 000 нафари дигар дар бемористонҳо муолиҷа мегиранд.

Идораи ҳавошиносии Покистон мегӯяд, ки ҳарорати ҳаво ба 45 дараҷа расида буд ва 25 июн ҳарорат каме поин рафт ва ҳоло 37 дараҷаро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG