Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷавод Зариф ба ҳайати музокирот мепайвандад


Муҳаммад Ҷавод Зариф

Муҳаммад Ҷавод Зариф

Матбуоти давлатии Эрон хабар додааст, ки Муҳаммад Ҷавод Зариф-вазири корҳои хориҷаи ин кишвар 27 июн ба Вена сафар мекунад, то дар марҳилаи ниҳоии музокироти ҳастаӣ барои расидан ба тавофуқоти ҳамаҷониба бо шаш қудрати ҷаҳонӣ ширкат ҷӯяд.

25 июн хабаргузории давлатии ИРНО гуфтааст, ки “субҳи рӯзи шанбе Зариф ба ҳайати музокирот хоҳад пайваст. Ин ҳайат пешнависи созишномаи умумиро таҳия мекунад”.

Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико 26 июн ба ҳайати музокирот ҳамроҳ хоҳад шуд ва вай аз ҷониби Эрон хостааст, ки ҳамаи масъалаҳои асосиро ҳал кунанд. Ҷон Керрӣ гуфт: “Агар ин масъалаҳо ҳал нашаванд, созиш ба даст нахоҳад омад”.

Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ бояд то 30 июн роҷеъ ба маҳдудияти барномаҳои ҳастаии Эрон ба созиш бирасанд. Бими он меравад, ки Эрон мехоҳад аслиҳаи ҳастаӣ бисозад.

XS
SM
MD
LG