Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷангҳо дар чанд шаҳраки Сурия идома доранд


Як гурӯҳи нозир мегӯяд, ки шаби гузашта шӯришиёни “Давлати Исломӣ” ба шаҳри Ҳасаке воқеъ дар қисмати шимолӣ-шарқии Сурия даромадаанд. Онҳо ду маҳаллаи ин шаҳрро дар ҷангҳои шадид бо нируҳои давлатӣ ба тасарруфи худ даровардаанд.

Гурӯҳи ҳуқуқи башари нозирони Сурия марказаш дар Британия мегӯяд, ки дар ин ҷангҳо 30 нафар аз нируҳои ҳукуматӣ ва 20 нафар аз шӯришиёни “Давлати Исломӣ” кушта шудаанд. Баъзе аз қисматҳои дигари ин шаҳр дар дасти ниманизомиёни курд мебошад.

Аммо ин хабарро сарчашмаҳои артиш рад мекунанд ва мегӯянд, ки нируҳои вафодор ба онҳо ҳамла ба шаҳри Ҳасакеро баргардондаанд. Ин хабарҳоро манобеи мустақил таъйид накардаанд.

XS
SM
MD
LG