Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тсарнаев ба додгоҳи федеролии ИМА эҳзор шуд


Ҷавҳар Тсарнаев, бомбгузори марафон дар шаҳри Боситони ИМА, рӯзи 24 июн дубора ба додгоҳ эҳзор шуд то ҳукми эъдомашро аз додраси федеролии ИМА шунавад. Дар додгоҳи федеролӣ Патрисия Кэмпбелл, модари яке аз кушташудагон ба Тсарнаев гуфт, интихобе, ки Шумо кардед ва он чӣ, ки шумо бо духтари ман кардед, нафратовар аст.

Ҳайати мунсифа рӯзи 15 май Тсарнаевро содир карда буд, аммо ҳукм фақат бар пояи қавонини федеролӣ эълон мешавад.

Ҷавҳар Тсарнаев, шаҳрванди чеченитабори Амрико, ки дар Қирғизистон ба дунё омада, дар солҳои 90 ибтидо ба Доғистон ва сипас ҳамроҳ бо волидонаш ба ИМА муҳоҷират кардааст, ба қатли 3 нафар ва захмӣ кардани беш аз 260 нафари дигар дар дави марафонии шаҳри Бостон дар моҳи апрели соли 2013 айбдор мешавад. Ба гуфтаи тафтишот, маҳз Ҷавҳар Тсарнаев ва бародари калонии ӯ Темурлан Тсарнаев бастаҳои маводи мунфаҷираро дар наздикии хатти марраи ин дави марафонӣ ҷобаҷо карда, дар байни издиҳоми зиёди тамошобинон тарконданд.

Ҳарду бомбгузор тавонистанд баъди таркиш фирор кунанд, вале мақомоти Амрико аллакай баъди чанд соат тавассути камераҳои назоратӣ тавонистанд симои ҳардуро мушаххас кунанд. Темурлан Тсарнаев баъди 4 рӯзи таъқиб дар ҷараёни амалиёти боздошт кушта шуд. Ҷавҳар Тсарнаевро, ки дар он амалиёт ҷароҳатҳои сангин бардошта буд, рӯзи 20 апрел аз дохили қаиқе дар яке аз манзилҳои воқеъ дар канори Бостон пайдо ва дастгир карданд.

XS
SM
MD
LG