Пайвандҳои дастрасӣ

Мушкили ронандагони тоҷик дар марзи Узбакистон


Як шаҳрванди Тоҷикистон пас аз 35 рӯзи сарсониву оворагиҳо дар марзи Узбакистон имрӯз баъд аз мӯҳри ихроҷ дар шиносномааш аз ноҳияи Сарисоиё ба тарафи марзи Тоҷикистон ҳаракат кард. Қиёмиддин Аҳмадов сокини ноҳияи Колхозобод 24 июн аз ноҳияи Сариосиёи Узбакистон дар тамоси телефонӣ ба радиои Озодӣ гуфт пас аз 35 рузи оворагиҳо ва сарсониҳо дар ноҳияи марзии узбакистон субҳи имруз пасорти ӯро бо муҳри депорт баргардонданд. Вай гуфт бо вуҷуди пардохти 1 миллиону 800 ҳазор сом ҷарима бар асоси ҳукми додгоҳи Тирмиз ва содир шудани ҳукми депорт дар нисбаташ мақомоти интризомии Узбакистон қро иҷозаи убур надоданд ва таи ин рузҳо шабро танҳо дар дохили кабинаи Камаз аш руз мекардааст. Вай гуфт додгоҳ барои ӯ вакили мудофеъ пешниҳод кард ва барои “хидмат”и вакили мудофеъ боз 600 ҳазор соми дигар супоридааст.

Қиёмиддин Аҳмадов мегӯяд, онҳо ду нафар буданд ва сокини дигари Тоҷикистон Сафар Муҳаммадиев сокини Колхозобод низ бо "Камаз"-аш аз Маскав барои ТАЛКО хишт меовард, дар ноҳияи Сариосиё дармонд ва иҷозаи убур дарёфт накарда, ҳоло ҳам мунтазири тасмими мақомоти интизомии Узбакистон аст. Вай мегуяд барои дарёфти иҷозаи убури марзи Узбакистон ба консулгарии Тоҷикистон дар Тошканд муроҷиат кардем ва онҳо талошҳои зиёд ба харҷ доданд. Диловар Ториов корманди Консулгарии Тоҷикистон дар Тошканд ба радиои Озодӣ гуфт масъалаи ин ду шаҳрванди Тоҷикистон вазнин аст чунки мӯҳлати раводиди онҳо дар хоки Узбакистоно ба охир расид ва барои ҳамин ивозаи убур дода нашуд. Вай афзуд, консулгарии Тоҷикистон дар масъалаи ин ду шаҳрванди Тоҷикистон бо ОВИРИ Сариосиё дар тамос шуд ва онҳо мебоист рузи ҷумъаи гузашта марзро убур мекарданд. Вай гуфт ба ғайри ин ду нафар шаҳрванди зиёди Тоҷикистон ҳастанд, ки ба ҳамин мушкил ру ба ру ҳастанд ва масъули Овири Сариосиё ваъда додааст, ки дар як ду рузи оянда масъаларо ҳал хоҳад кард. Қиёмиддин Аҳмадов мегӯяд, вақте ки аз вилояти Чебоксари Русия ба марзи Қарақалпоқистон расиданд, мувофиқи қонунҳои Узбакистон 72 соат фурсат дода мешавад,ки аз марзи Узбакистон убур кунанд. Аммо аз Қарақалпоқистон то Сариосиё масофаи роҳ дур буда, имкони саривақт убур кардани марз нест ва дар Тирмиз мӯҳлати иҷозатномаи убур ба поён расид ва бо ҳамин сабаб вай 35 рӯз дар Узбакистон монд. Вай гуфт бо "Камаз"-аш аз Русия ба ноҳияи Колхозобод васоили техникӣ ва қисмҳои мошинҳои борбарро меовард.

XS
SM
MD
LG