Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳоии сарбози рус аз боздоштгоҳи Душанбе


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи низомии ҳавзаи Урали Русия рӯзи 24 июн ҳукми раҳоии сарбози рус Сергей Степанов аз боздоштгоҳи шаҳри Душанберо содир кардааст. Сергей Степанов, ки дар пойгоҳи рақами 999-уми Русия дар Канти Қирғизистон хидмат мекард, дар поёни моҳи апрел бо иттиҳоми дуздии маводи сӯхти ҳавопаймо дастгир шуда буд. Аммо азбаски пойгоҳи ҳавоии Кант боздоштгоҳи алоҳида ва ҳатто гауптвахта надорад, тибқи созишномаҳои байни Русияву Тоҷикистон, ин сарбозро ба боздоштгоҳи рақами яки Душанбе бурдаанд.

Вакили мудофеи Степанов аммо дар додгоҳ ин нуктаро далел овард, ки шаҳрванди Русияро ба боздоштгоҳи як кишвари хориҷӣ супурдаанд ва ин мухолифи қонунҳои Русия аст.

Додгоҳи низомӣ ҳукм баровард, ки Степанов билофосила дар толори мурофиа озод карда шавад. Аз ӯ танҳо забонхат гирифтаанд, ки то анҷоми тафтиш аз маҳалли зисташ берун наравад.

XS
SM
MD
LG